Мақсад ва вазифаҳои ташкилот
Дастгирии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар бораи мурофиаи судии одилона ва шаффоф, мусоидат дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, мусоидат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ба қонунгузории миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқ амалия, ёрй ба ислохоти хукукй дар чумхурии Точикистон.
Мо дар самтҳои зерин фаъолият дорем:
- баланд бардоштани саводи ҳуқуқии аҳолӣ оид ба масъалаҳои дастрасӣ ба мурофиаи судии одилона;
- мониторинги мурофиаи одилона;
- пешбурди сиёсати миллӣ оид ба адолати судии давлатӣ – такмили қонунгузорӣ;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус занон;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи меҳнат;
- дастгирии њуќуќии бемороне, ки аз хатоњои кормандони тиб зарар дидаанд;
- пешбурди механизмҳои ҷуброни одилона ва мувофиқ ба қурбониёни хатогиҳои тиббӣ.
Дар айни замон, ташкилот лоиҳаи “Ҳуқуқи мурофиаи одилона дар парвандаҳои шаҳрвандӣ” -ро амалӣ мекунад, ки аз ҷониби Бунёди Миллии Демократия NED маблағгузорӣ мешавад.
Шаффофияти мурофиаи судӣ, яке аз принсипҳои асосии демократии раванди судӣ, баррасии кушоди парвандаҳоро дар ҳама судҳо, ба таври оммавӣ эълон кардани ҳукм ва қарорҳо пешбинӣ мекунад.