Рӯзҳои 7 – 11 июл дар ш. Душанбе мактаби тобистона барои ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар он беш аз 25 ҳуқуқшинос ва мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ҳадафи мактаби тобистона додани донишҳои амиқи ҳуқуқӣ ба ҷавонон дар бораи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқшиносон дар ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ, баробарии гендерӣ ва зӯроварии гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва рақамисозӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон буд.
Ҳамчун тренерон ва мутахассисон коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар аз сатҳи байналмилалӣ ва миллӣ баромад карданд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҳолландии «Perspectivity» амалӣ мегардад, баргузор гардид.