Тренинг оид ба нақшаи амнияти ҳомиёни ҳуқуқ

📌Аз 16-ум то 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносоне, ки бо гурӯҳҳои осебпазир кор мекунанд, тренинги серӯза оид ба амнияти равонӣ баргузор гардид.

 ❗️Диққати махсус ба воситаҳои амалӣ, ки метавонанд дар кори ҳаррӯза истифода шаванд, усулҳои коҳиш додани изтироб, пешгирии хастагии касбӣ ва чӣ гуна нигоҳ доштани устувории дохилӣ ҳангоми кор бо баҳрабардорон дода шуд.

✅Ин намуди омӯзиш на танҳо ба худи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, балки ба баҳрабардорон низ мусоидат мекунад, зеро солимии равонӣ самаранокии корро зиёд мекунад.

 Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

#euintajikistan#humanrights#tortureprevention

 

Leave A Reply