Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар мавриди озори ҷинсӣ.

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар мавриди озори ҷинсӣ.

Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар мавриди озори ҷинсӣ. Муҳлати охирини моҳи майи соли 2021 – феврали соли 2022, бо дастгирии молиявии Занони СММ дар доираи Барномаи минтақавии “Ташаббуси нур” барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон.

Ҳадаф. Мусоидат дар татбиқи тавсияҳои мақомоти байналмилалии СММ оид ба масъалаи озори ҷинсӣ бо ҳимояи қурбониён ва ҳуҷҷатгузории далелҳои нақзи ҳуқуқи занон, баланд бардоштани иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносонe адвокатон оид ба масъалаҳои озори ҷинсӣ.

Вазифаҳо:

  1. Баррасии ҳадди ақал 2 парвандаи судӣ барои ҳифзи занон аз озори ҷинсӣ, аз ҷумла дар ҷои кор;
  2. Ёддошти таҳлилӣ барои гузориши алтернативӣ ба Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон дар бораи мубориза бар зидди таъқиби ҷинсӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тавсияҳо оид ба тағйири қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ;
  3. Омода намудани маводи омӯзишӣ оид ба фаҳмидани озори ҷинсӣ ҳамчун табъизи гендерӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, интихоби стратегияи ҳифз ва ҳуҷҷаткунонии нақзи ҳуқуқи инсон – занон дар ин самт;
  4. Баланд бардоштани иқтидори 40 корманди ташкилотҳои ғайриҳукумати ва ҳуқуқшиносон оид ба фаҳмидани озори ҷинсӣ ҳамчун табъизи гендерӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон, ки дар соҳаи таъқиби ҷинсӣ ва зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон фаъолият мекунанд, интихоби стратегияи ҳифз ва ҳуҷҷаткунонии поймолкунии ҳуқуқи инсон – занон дар ин самт;
  5. Таҳияи воситаҳои ҳуҷҷаткунонии озори ҷинсӣ, аз ҷумла дар ҷои кор.
  6. Воситаҳои ҳуҷҷаткунонӣ барои истифода дар ОГО, ки дар соҳаи ЛНОЖД кор мекунанд, пешниҳод карда мешаванд.

7. Пуркунии 20 саволнома оид ба ҳуҷҷаткунонии далелҳои озори ҷинсӣ, аз ҷумла таъқибҳо дар ҷои.



Leave A Reply