Чорабиниҳои иттилооти дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон – Хуросон, А.Ҷомӣ, Левакант, Бохтар, Қабодиён, Шаҳритуз, Норак, Данғара, Балҷувон, Ховалинг ва Кӯлоб баргузор намуда бо адвокатони шаҳру ноҳияҳои мазкур вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шуд. Зимни сӯҳбат ба адвокатон ба онхо мачмуъи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф”, лифлетҳо оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ, ва ҳамчунин ручкаву блокнотҳо тақдим карда шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 15 нафар адвокатҳои шаҳру ноҳияҳои номбурда иштирок намуда, ибрози андеша намуданд ва оиди ҳамкориҳои минбаъда гуфтушунидҳои судманд анҷом дода шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баҳри озодӣ аз шиканҷа ва шинос намудани адвоктону ҳуқуқшиносон бо фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон равона карда шудааст.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.



