Душанбе, 27–29 октябри соли 2025 – Тренинги ихтисоноки серӯза барои 30 нафар ҳуқуқшинос баргузор гардид, ки ба омӯзиш ва истифодаи «Маҷмӯаи дастурҳо барои ҳуқуқшиносон» равона шудааст. Ин маҷмӯа бо мақсади сабти пайдарҳам ва ҳисоботдиҳӣ оид ба вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳӣ таҳия шудааст.
Дар раванди омӯзиш иштирокчиён бо усулҳои гузаронидани машварат бо маҳбусон, стандартҳои ҳуҷҷатгузории вайронкунии ҳуқуқи инсон, механизмҳои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ва алгоритмҳои ҳисоботдиҳӣ шинос шуданд. Ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи боздоштшудагон ва маҳкумшудагон, инчунин риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ ва махфият ҳангоми фаъолият дар муассисаҳои пӯшида таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
«Таҳия ва ҷорӣ намудани ин маҷмӯаи дастурҳо як қадами муҳими рӯ ба систематикунонӣ ва ҳуҷҷатгузории касбии вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон мебошад. Он ба ҳуқуқшиносон имкон медиҳад, ки воқеаҳои вайронкуниро самараноктар муайян ва сабт намоянд, ки ин барои таъмини ҳимояи боэътимоди ҳуқуқии маҳбусон мусоидат мекунад», — таъкид намуд Гулчеҳра Холматова, директори Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ».
Пас аз анҷоми омӯзиш, ҳуқуқшиносон дар доираи лоиҳа ба маҳбусон ва хешовандони онҳо машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод хоҳанд кард. Нақша аст, ки наздик ба 2000 машварати ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вайронкунии ҳуқуқи инсон, муомила бо маҳбусон ва дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ гузаронида шаванд. Ин кор имкон медиҳад, ки ба ҳолатҳои вайронкунӣ саривақт вокуниш нишон дода шавад ва кафолатҳои риояи ҳуқуқи инсон дар низоми пенитенсиарӣ таҳким ёбанд.
Баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани савияи тахассусии мутахассисон, рушди ҳамкории байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои давлатӣ, инчунин ташаккули таҷрибаи устувори кӯмаки ҳуқуқӣ ба шахсони дар маҳрумият аз озодӣ қарор дошта мусоидат мекунад. Лоиҳаро се ташкилоти шарик — ТҶ «Зеркало», ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» ва Бунёди Ҳолландии Perspectivity Challenge — амалӣ менамоянд.
Таҳияи маҷмӯа ва баргузории чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои зерин амалӣ гардиданд:
– «Баланд бардоштани иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар самти ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳои соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо. Лоиҳаро се ташкилоти шарик — ТҶ «Зеркало», ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» ва Бунёди Ҳолландии Perspectivity Challenge — амалӣ мекунанд.
– «Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути тақвияти иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили кӯмаки ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, ки дар боздошт қарор доранд» бо дастгирии молиявии Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI).






