Форуми 3-юми пенитенсиарии Тоҷикистон: рушди пробатсия, тавонбахшӣ ва муқовимат ба радикализатсия

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • Форуми 3-юми пенитенсиарии Тоҷикистон: рушди пробатсия, тавонбахшӣ ва муқовимат ба радикализатсия

Душанбе, 20 ноябри соли 2025. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми 3-юми пенитенсиарӣ баргузор мегардад — минбари миллии сатҳи баланд, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, низоми судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро ҷиҳати баррасии ҷанбаҳои асосии ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар кишвар муттаҳид месозад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо (ИА), дафтари барномавии САҲА дар Душанбе, барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, инчунин бо ҳамкории ташкилотҳои шарики ҷомеаи шаҳрвандӣ — ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ», ТҶ «Дунёи ҳуқуқ», МТС «Зеркало», Prison Insider, Perspectivity Challenge ва Маркази байналмилалии рушди адолат (CDJI) баргузор мешавад.

Форум дар марҳилаи муҳим доир мегардад, зеро Тоҷикистон марҳилаи аввалини амалисозии Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро ба анҷом расонида, ба таҳияи Нақшаи амали солҳои 2026–2030 оғоз менамояд.

Дар солҳои охир кишвар ба дастовардҳои муҳим ноил гардид: шароити нигоҳдорӣ беҳтар, барномаҳои тавонбахшӣ ва омодагии касбӣ густариш ёфтанд. Ҳар сол беш аз 9000 маҳкумшуда дар барномаҳои таълимӣ ва меҳнатие иштирок мекунанд, ки ба ҷомеа бозмутобиқсозии онҳо баъди озодшавӣ равона шудаанд.

«Ман ба таври махсус хушҳол ҳастам, ки дар инҷо ҳастам, зеро чорабинии имрӯза идомаи равандии ҳамкории мебошад, ки соли 2019 бо Форуми Аввалини Пенитенциарӣ оғоз шуда буд. Ин форум бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо, ҳамкорӣ бо маъмурияти зиндонҳо, сафоратхонаҳо ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Мумкин аст гуфт, ки мо шарикии мустаҳкамро байни мақомотҳои Тоҷикистон, ҷомеаи байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҷод кардем ва Форумии имрӯза арзишмандии ин ҳамкориро нишон медиҳад», — таъкид кард Радослав Дарски, Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон.

Форум ба се самти муҳим равона шудааст: рушди пробатсия ва чораҳои ивазкунандаи ҷазои ҳабс — ҷорӣ намудани усулҳое, ки сатҳи такрори ҷинояткориро коҳиш медиҳанд ва бозмутобиқсозиро беҳтар мегардонанд; мубориза бо экстремизми оштинопазир ва радикализатсия — мубодилаи таҷриба дар самти пешгирӣ ва тавонбахшӣ; чораҳои тавонбахшӣ барои ноболиғон — татбиқи усулҳои мутобиқ ба ҳуқуқи кӯдак ва меъёрҳои байналмилалӣ.

«Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ талошҳои СРИҶҶ-ро дар самти татбиқи Қоидаҳои ҳадди ақали СММ оид ба муносибат бо маҳкумшудагон — Қоидаҳои Нелсон Мандела — баланд арзёбӣ мекунад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон механизмҳои нави идорӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки самаранокии кор бо маҳкумшудагони хатари баланд ва пешгирии экстремизм дар дохили муассисаҳоро беҳтар месозанд», — қайд намуд Мадина Сариева, ҳамоҳангсози байналмилалии Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ.

Яке аз мавзӯъҳои марказии форум қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пробатсия» ва таъсиси Хадамоти миллии пробатсия мебошад. Ин иқдомҳо имкони васеъ намудани истифодаи чораҳое, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ вобаста нестанд, фароҳам оварда, барои маҳкумшудагон дастгирии инфиродӣ таъмин намуда, фишорро ба низоми зиндонҳо кам мекунад.

«ТҶ Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» зиёда аз даҳ сол аст, ки ба раванди ислоҳот саҳм мегузорад. Мо меъёрҳои байналмилалиро оид ба муносибат бо маҳкумшудагон тарғиб намуда, кормандони низоми пенитенсиариро омода мекунем ва ба рушду татбиқи пробатсия ҳамчун альтернативаи муосири ҷазои ҳабс мусоидат менамоем», — гуфт Наргис Зокирова, директори ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният».

«Барои мо муҳим аст, ки на танҳо мушкилотро дар соҳаи ҳуқуқи инсон муайян кунем, балки ба ҳалли системавии онҳо мусоидат намоем. Мо кормандони низоми пенитенсиариро ба меъёрҳои ҳуқуқи инсон омӯзонда, ба ҷорӣ шудани таҷрибаҳое ёрӣ мерасонем, ки эҳтироми шаъну шарафи инсон меъёр мегардад», – таъкид кард Гулчеҳра Холматова, директори ТҶ «Дунёи ҳуқуқ».

«Дар маркази барномаҳои мо — кӯдакон ва ҷавонони маҳкумшуда қарор доранд. Тавонбахшӣ бояд системавӣ бошад, на якмаротиба. Кор оид ба реинтегратсияи иҷтимоӣ ва дастгирии равонии онҳо кафолат медиҳад, ки ҳуқуқ ва шаъну шарафи онҳо дар тамоми зинаҳои адлия риоя карда шавад», — зикр намуд Гулчехра Рахманова, директори ФҶ «Ташаббуси Ҳуқуқӣ».

«Форум ба минбаре табдил ёфт, ки мутахассисони кишварҳои гуногун ва бахшҳои мухталиф роҳҳалҳои воқеӣ таҳия мекунанд, ки метавонанд низомро аз дарун тағйир диҳанд. Ислоҳоти устувор танҳо дар шароите имконпазир аст, ки иродаи сиёсӣ, касбият ва муносибати инсонгароёна ба ҳар шахси маҳрум аз озодӣ якҷо амал кунанд», — гуфт Азамат Шамбилов, президенти Маркази байналмилалии рушди адолат (CDJI).

Форум зиёда аз 100 иштирокчӣ-ро — аз ҷумла намояндагони Вазорати адлия, Суди Олӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳайатҳои дипломатӣ ва доираҳои илмӣ — ба ҳам овард.

Форум бо таҳияи маҷмӯи тавсияҳо оид ба таҳкими низоми пробатсия, пешгирии экстремизм ва беҳтар намудани шароити кори кормандони муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин муаррифии лоиҳаи Нақшаи амал барои татбиқи Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷичикстон барои давраи то соли 2030 ҷамъбаст мегардад.

 

Leave A Reply