Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дастури «Баррасии парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар судҳои Тоҷикистон»-ро дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳия намуд.
Ҳуҷҷат ба таҳкими амалияи судӣ дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа равона шуда, таҳлили чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа, масъалаҳои муайян намудани ҳолатҳои шиканҷа дар муассисаҳои тиббиро дар бар ва инчунин баррасии воситаҳои асосии байналмилалӣ дар ин самтро фаро мегирад.
Дар дастур намунаҳои қарорҳои судӣ ва амалияи хориҷӣ, таҳлили стандартҳои байналмилалӣ, тавсияҳои амалӣ оид ба татбиқи онҳо дар амалияи судии Тоҷикистон, рӯйхатҳои назоратӣ ва қолабҳои қарорҳои судӣ, саволҳои намунавӣ барои арзёбии эътирофҳои маҷбурӣ ва вайронкунии расмиёт, инчунин намунаҳои мутобиқгардонидашудаи ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ва протоколҳо барои баррасии шикоятҳо оид ба шиканҷа ва таъмини ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар раванди судӣ пешниҳод шудаанд.
