Вебинари серӯза барои судяҳо таҳти унвони «Манъи шиканҷа: стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи судӣ»

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • Вебинари серӯза барои судяҳо таҳти унвони «Манъи шиканҷа: стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи судӣ»

Дар шаҳри Душанбе вебинари серӯза барои судяҳо таҳти унвони «Манъи шиканҷа: стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи судӣ» ба анҷом расид.

Дар тӯли се рӯз судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф масъалаҳои татбиқи стандартҳои байналмилалии манъи мутлақи шиканҷа, амалияи судӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Дар доираи вебинар таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи муқаррароти Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, амалияи байналмилалӣ ва миллӣ, арзёбии далелҳо оид ба парвандаҳои вобаста ба шиканҷа, инчунин нақши мақомоти судӣ дар пешгирии вайроншавии ҳуқуқи инсон равона гардид.

Иштирокчиён ҳолатҳои амалиро таҳлил намуда, таҷрибаи касбӣ мубодила карданд ва роҳҳои таҳкими ҳифзи судии ҳуқуқи инсонро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ муҳокима намуданд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Leave A Reply