Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» аз 1 сентябри соли 2022 ба татбиқи фаъолияти лоиҳавии «Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ» оғоз намуд. Ин фаъолият бо кумаки молии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Ҳадафи лоиҳа аз дастгирии ҳуқуқӣ, татбиқ ва таҳияи механизми ҳифзи ҳуқуқҳои коргарон, дар бахшҳои шуғли расмӣ ва ғайрирасмӣ иборат мебошад.
Фаъолтяти мазкур бо яке аз самтхои ташкилот расонидани ёрии ройгони ҳуқуқӣ оид ба масъалахои конунгузории мехнатӣ алокаманд аст.
Дар чорчӯбаи амалигардонии лоиҳа гузаронидани чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд:
1. Гузаронидани тадқиқоти дафтари (кабинети) баҳсҳои судӣ вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ, аз ҷумла ҳолатҳои таъқиб ва ё фишороварӣ аз тарафи хизматчиёни давлатӣ;
2. Гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотӣ барои намояндагони иттифоқҳои касаба ва намояндагони алоҳидаи коргарон, инчунин барои комиссия оид ба риояи қонунгузории мехнатӣ дар назди Вазорати меҳнат оид ба омӯзиши усулҳои татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳифзи меҳнат;
3. Нашри мавод дар воситаҳои ахбори омма, бо шарҳи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандон;
4. Таъмини ёрии ҳуқуқӣ ва намояндагӣ дар суд.
5. Гузаронидани семинар бо ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи меҳнат.
Дар давоми амалигардонии лоиха кабулгохи хукукшинос фаъолият менамояд. Кабулгох аз соати 8.00 то 12.00 ҳар рӯз кор мекунад. Лутфан, ба воситаи телефони 93 507 08 26 ба мо муроҷиат намоед.
Мӯҳлати амалисозии лоиҳа аз 1 сентябр то 31 декабри соли 2022 мебошад.