Баланд Бардоштани Иқтидори Кормандони Низоми Пенитенсиарии Тоҷикистон

  • Асосӣ
  • Ахбор
  • Баланд Бардоштани Иқтидори Кормандони Низоми Пенитенсиарии Тоҷикистон

Рӯзҳои 15-16 октябр дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус Қоидаҳои ҳадди ақали стандартӣ оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела), Қоидаҳои СММ оид ба муносибат бо занони маҳбус ва чораҳои ҷазоҳои ғайриҳабсӣ барои занони ҳуқуқвайронкунанда (Қоидаҳои Бангкок) гузаронида шуд. Дар тренинг 25 нафар кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ва ТТ (тавқифгоҳи тафтишотӣ)-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ принсипҳои асосии Қоидаҳои Нелсон Мандела, ҳифзи ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар ҷойҳои маҳруми аз озодӣ, масъалаҳои хизматрасонии тиббӣ, офиятбахшӣ ва реинтегратсияи иҷтимоии маҳкумшудагон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз озодшавӣ баррасӣ шуданд.

«Мо ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ дар гузаронидани тренингҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи кормандони ислоҳӣ ва кормандони соҳаи тиб изҳори сипос мекунем. Умедворем, ки ин омӯзиш ва дигар чорабиниҳо дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ” ба беҳбуди ҳуқуқи инсон ва ҷилавгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард”, – гуфт Изабел Урис Эрнандес, Роҳбари шуъбаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон.

«Ҳадафи ин тренинг таҳкими донишу малакаи кормандони маҳбасҳо мебошад, то онҳо тавонанд дар офиятбахшӣ ва реинтегратсияи иҷтимоии маҳбусон, бахусус занону кӯдакон саҳм гузоранд. Умедворем, ки ин чорабинӣ як қадаме дар самти беҳбуди шароити зиндагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон хоҳад буд», – гуфт Гулчеҳра Раҳмонова, директори Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ».

«Тоҷикистон узви бисёр шартномаҳои байналмилалии ҳатмӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад, ки яке аз шартномаҳои асосӣ Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва Конвенсияи СММ зидди шиканҷа мебошад. Инчунин санадҳои байналмилалие муҳиманд, ки хусусияти машваратӣ доранд, вале барои рушд ва пешбурди ҳуқуқи инсон аҳамияти кам надоранд, аз ҷумла Қоидаҳои Нелсон Мандела ва Қоидаҳои Багкок. Яке аз ҳадафҳои ин тренингҳо омӯзиши кормандони хадамоти пенитенсиарӣ, бо ин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии нарм бо таваҷҷуҳи хоса ба офиятбахшӣ ва реинтегратсияи маҳкумшудагон буд”, гуфт директори Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” Гулчеҳра Холматова”, зимни суханронии ифтитоҳӣ.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Хазинаи Демократии СММ (UNDEF) маблағгузорӣ мешавад баргузор гардид. Тренинг аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ», ва Фонди Ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуши ҳуқуқӣ» ташкил карда шуд.

Leave A Reply