Душанбе, 18 октябр – дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии муҳиме баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Муколамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳкими ҳамкориҳо ва таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ намояндагони мақомотҳои калидии давлатӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупоро сарҷамъ намуд.
Чорабинии мазкур як қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат буд. Дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Вазорати адлия ва Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳуқуқшиносон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар, инчунин коршиносони байналмилалӣ, аз қабили аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ва Зеркумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии шиканҷа ширкат доштанд. Ба масъалаҳои пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ, бо вуҷуди пешрафтҳои муайян, мушкили шиканҷа дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли 2023 дар кишвар чанд ҳолати муносибати бераҳмона дар ҷойҳои боздоштгоҳ сабт шудааст, ки зарурати андешидани чораҳои қатъӣ дар ин самтро тасдиқ мекунад.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ аҳамияти пешбурди меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башарро таъкид кард: «Ҳимояи ҳуқуқи инсон ваҳдат ва ҳамкориро тақозо мекунад. Ҷомеае, ки аз қонуншиканиҳо озод аст, ки дар он волоияти қонун риоя мешавад, танҳо дар сурати ҳамкории давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконпазир аст. Ин шарикӣ на танҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон, балки барои рушди устувор ва рушди иқтисодӣ низ зарур аст”.
Дар муколама доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, инчунин чораҳои алтернативӣ барои коҳиш додани вобастагӣ ба ҳабс ҳамчун як шакли ҷазо баррасӣ шуданд. Коршиносон қайд карданд, ки солҳои охир таваҷҷуҳ ба ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, лоиҳаи “Роҳ ба сӯи адолат”, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, барои омӯзиши беш аз 200 ҳуқуқшинос ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷойҳои боздоштгоҳ кумак хоҳад кард.
Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” Гулчеҳра Холматова оид ба ҳифзи табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз қабили занон, кӯдакон ва маъюбон сухан ронда, таъкид намуд: “Вазъи ҳифзи ҳуқуқи табақаҳои осебпазир таваҷҷӯҳи хосаеро тақозо мекунад. Муколамаи мо барои мубодилаи афкор ва таҷриба имконияти муҳим гардид. Хеле муҳим аст, ки натиҷаҳои муҳокимаи имрӯза на танҳо дар рӯи коғаз, балки ба фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ ворид карда шаванд”.
Яке аз мавзӯҳои калидии баҳс зарурати беҳтар кардани фаъолияти мақомотҳои давлатӣ бо риояи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон буд. Тавре намояндаи Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмени Тоҷикистон) таъкид кард, муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули системаи шаффофтар ва масъулиятноки механизмҳои ҳуқуқи инсон нақши муҳим дорад. Дар назар аст, ки натоиҷи муколама барои таҳлил ва иҷрои минбаъда дар сатҳи барномаҳои давлатӣ ба сохторҳои давлатӣ ирсол карда шавад.
Дар фарҷоми чорабинӣ Гулчеҳра Холматова афзуд: “Ин муколама набояд як чорабинии якдафъаина бошад. Мо ният дорем, ки ҳамасола чунин вохӯриҳо ташкил кунем, то мониторинги доимии вазъи ҳуқуқи башарро таъмин намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсияҳо пешниҳод кунем. Мулоқоти имрӯза танҳо оғози сафари тӯлонӣ ба сӯи низоми одилонатар ва башардӯстонаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аст.”
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва ҳамчунин лоиҳаи «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ: тадқиқот, муколама ва баланд бардоштани огоҳӣ», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Идораи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ сурат гирифт.
Муколама ба муносибати 30-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шудааст. Интизор меравад, ки хулоса ва тавсияҳои дар ҷараёни мулоқот таҳияшуда дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, ба татбиқи минбаъдаи стандартҳои байналмилалӣ дар низоми миллии ҳуқуқи инсон мусоидат хоҳанд кард.








