Оғози лоиҳаи нав

Аз 1-уми майи соли 2025 дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи дусолаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар соҳаи тобеият ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»-ро, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфт.

Ҳадафи ташаббус ин саҳмгузорӣ дар пешбурди тобеият, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон аст.

Бо ин мақсад лоиҳа ба самтҳои зерин диққат хоҳад кард:

• тақвияти иқтидори кормандон оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар сохторҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятӣ;

• васеъ намудани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар равандҳои ҳуқуқи инсон;

• дастгирии ислоҳот дар низоми пенитенсиарии кишвар;

Лоиҳа як қадами дигар дар роҳи таҳкими ҳамкориҳо байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати риояи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон хоҳад буд.

Лоиҳа аз ҷониби се ташкилоти шарик: Иттиҳодияи ҷамъиятии «Зеркало», Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» ва Фонди Ҳолландии “Perspectivity Challenge” амалӣ мешавад.

Leave A Reply