Вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати корхои хориҷии Испания, профессорони университети CEУ Сан-Пабло дар ш.Мадрид, намояндагони идораи омбудсмени Испания ва профессорони дигар донишкадаҳо барпо гардиданд.
Дар доираи ин вохӯриҳо намояндагони Тоҷикистон дар бораи чӣ гуна тағйиротҳои қонунгузорӣ ва ислоҳоти институтсионалӣ ҷиҳати таҳким ва пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон нақл карданд. Масъалаҳои пайвастани Тоҷикистон ба Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа, таъсиси механизми миллии пешгиркунанда ва татбиқи тавсияҳои мақомотҳои шартномавии СММ баррасӣ шуданд.
Гузашта аз ин, таҷрибаи беҳтарини Тоҷикистон, ки дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда санадҳои муҳими стратегӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробари ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи то соли 2038 қабул гардид, табодули назар карда шуд.
Намояндагони Испания дар бораи таҷриба ва муваффақиятҳои Испания дар ислоҳоти ҷории ҳуқуқи инсон, ислоҳоти пенитенсиарӣ ва ҳамкории байналмилали дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронданд.






