МАКТАБИ ТОБИСТОНА БАРОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • МАКТАБИ ТОБИСТОНА БАРОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

7-11 июл ш.Душанбе, 21-25 июл ш. Хуҷанд – Дар Душанбе ва Хуҷанд ду мактаби тобистона барои ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 нафар ҳуқуқшиносон ва мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиноси донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Албатта, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ташвиқу ҳимояи ҳуқуқи инсон дар бунёди ҷомеаи одилона ва фарогир нақши ҳалкунанда дорад. Ҳуқуқшиносони ҷавон, ки дорои  назари тоза, ҳавасмандии баланд ва омодагӣ ба навовариҳо мебошанд, ба роҳнамоёни муҳими тағийрот табдил меёбанд. Иштироки онҳо дар равандҳои ҳуқуқи башар на танҳо ба густариши саводнокии ҳуқуқӣ мусоидат мекунад, балки эътимоди мардумро ба ниҳодҳои адлия зиёд мекунад.

Дар доираи барнома иштирокчиён дар мавзӯъҳои зерин донишу таҷрибаи амалӣ гирифтанд: стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқшиносон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои асоси, баробарии гендерӣ ва зӯроварии гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва рақамисозӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон. Барномаи чорабинӣ инчунин аз машғулиятҳои интерактивӣ, мубоҳисаҳо, бозиҳо ва викторинаҳо фаро гирифта шуда буд, ки омӯхтани маводро осонтар ва ҷолибтар мекард.

Гулчеҳра Холматова, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” зимни суханронӣ гуфт: “Мактаби тобистона на танҳо имкони дарёфти донишу таҷрибаи нав аз ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва коршиносони байналмиллалӣ ва миллӣ, балки имкони табодули иртибот низ мебошад. Баргузории чунин мактабу тренингҳои тобистона барои ҷавонон онҳоро рӯҳбаланд карда, метавонад оғози таъсиси ҳаракати ҷавонон дар дифоъ аз ҳуқуқи инсон гардад”.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.

Leave A Reply