Душанбе, 16-18 сентябри соли 2025 – Дар пойтахт тренинги серӯза барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои амнияти равонӣ баргузор гардид. Дар он ҳудуди 25 нафар ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Мақсади асосии тренинг рушди малакаҳои устувории равонӣ, пешгирии хастагии касбӣ ва беҳтар намудани амнияти шахсии ҳомиёни ҳуқуқ, ки дар шароити стресс кор мекунанд, мебошад.
Дар кори ҳаррӯзаи худ ҳомиёни ҳуқуқи инсон бо шумораи зиёди мушкилиҳои гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Ин намуди омӯзиш на танҳо ба худи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, балки ба баҳрабардорон низ мусоидат мекунад, зеро некӯаҳволии психологӣ, самаранокии корро зиёд мекунанд. Муҳим аст, ки на танҳо қурбониёни қонуншиканӣ, балки ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бо бенефитсиарҳо робита доранд, дастгирӣ карда шавад.
«Фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ на танҳо дониш ва ҷасорат, балки қобилияти нигоҳ доштани суботи дохилиро низ талаб мекунад. Мо мекӯшем, ки ҳар як иштирокчӣ дар чунин тренингҳо бо воситаҳои нави амалӣ барои нигоҳ доштани солимии равонии худ боқӣ монда, ҳифзи ҳуқуқи инсонро самараноктар ва бехатартар идома диҳад», – қайд кард Гулчеҳра Холматова, раиси ТҶ “Дунёи ҳуқуқ”.
Дар доираи барнома иштирокчиён:
- бо методологияи арзёбии хатари Frontline Defenders шинос шуданд,
- механизмҳои вокуниш ба ҳодисаҳоро кор карда баромаданд,
- машқҳои амалӣ оид ба идоракунии стресс ва таҳкими захираҳои равонӣ анҷом доданд.
Диққати махсус ба муҳокимаи мушкилоти асосӣ, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар фаъолияти ҳаррӯзаашон дучор меоянд, зоҳир гардид. Дар рафти кори муштарак стратегияҳои инфиродӣ ва дастаҷамъона барои бартараф кардани ҳолатҳои стресс таҳия карда шуданд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.





