ҲИФЗИ ҚУРБОНИЁНИ ШИКАНҶА: ТРЕНИНГ БАРОИ АДВОКАТҲО

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • ҲИФЗИ ҚУРБОНИЁНИ ШИКАНҶА: ТРЕНИНГ БАРОИ АДВОКАТҲО

Рӯзҳои 12-13 август дар шаҳри Душанбе ду тренинги якрӯза барои 50 адвокатҳо оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар якҷоягӣ бо Иттифоқи адвокатҳо дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шуд.

Ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷузъи ҷудонашавандаи таъмини истифода накардан ва кафолати такрор нашудани шиканҷа ва муносибати бераҳмона мебошад. Қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо аксар вақт усулҳо ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи поймолшудаи худро намедонанд. Омӯзиш ва баланд бардоштани иқтидори адвокатҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба қурбониёни шиканҷа дар барқарорсозии ҳуқуқҳои онҳо кӯмаки муассир ва саривақтиро таъмин хоҳад кард.

«Дар барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи шаҳрвандон нақши муҳимро ҳомиёни ҳуқуқ ва адвокатҳо мебозанд, аз ин рӯ, барои ҳифзи самараноки ҳуқуқҳои инсон нерӯ ва дониши онҳо зарур аст. Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат» мо инчунин нақша дорем, ки дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳо гузаронем», гуфт Гулчеҳра Холматова, раиси ТҶ «Дунёи ҳуқуқ».

Дар доираи чорабинӣ масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд: санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо шиканҷа, мафҳуми «шиканҷа» ва «муносибати бераҳмона», нақши мақомотҳои Созмони Милали Муттаҳид дар пешгирии шиканҷа, Протоколи Истанбул, механизмҳои миллии ҳифзи қурбониёни шиканҷа, нақши адвокат, номатлуб будани истифодаи далелҳои дар натиҷаи шиканҷа бадастомада, шикоят аз амали (беамалии) шахсони мансабдор, тартиби пешниҳоди ариза дар бораи ҷуброни зарари моддӣ.

 

Leave A Reply