Душанбе, 26 сентябри соли 2025 – Дар пойтахти Тоҷикистон Муколамаи дуюми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Ин дуввумин чунин чорабинӣ аст, ки дар он намояндагони ниҳодҳои калидии давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон барои баррасии натиҷаҳои тавсияҳои дар ҷараёни Муколамаи аввали соли 2024 таҳияшуда ва муайян кардани афзалиятҳои нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон гирди ҳам омадаанд.
Дар соли ҷорӣ таваҷҷӯҳ ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 дода шуд. Иштирокчиён муҳокима карданд, ки чӣ гуна тағийроти рақамӣ метавонад ба таҳкими шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва ҳифзи бештари ҳуқуқҳои инсон мусоидат кунад.
Ҳадафҳои Муколама иборат буданд аз:
- арзёбии пешрафт дар татбиқи тавсияҳои соли 2024;
- таҳияи роҳҳои нави ҳалли пешгирии шиканҷа ва беҳтар кардани шароит дар ҷойҳои нигоҳдорӣ;
- муайян намудани нақши технологияҳои рақамӣ дар таъмини дастрасӣ ба адолат ва баланд бардоштани иштироки шаҳрвандон;
- мусоидат ба баробарии гендерӣ ва дохилшавӣ ба ислоҳоти миллӣ.
Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қайд кард: «Пешбурди бомуваффақияти ҳуқуқи башар танҳо дар фазои эътимод, муколамаи ошкор ва шарикӣ имконпазир аст. Вақте ки давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳам муттаҳид мешаванд, барои рушди одилона ва устувор заминаи мустаҳкам фароҳам меорад».
Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СРИҶҶ), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Кумитаи кор бо занон ва оила, Агенти инноватсиони, Агенти назорати маводи мухаддир, инчунин созмонҳои миллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар, коршиносон, дипломатҳо ва намояндагони ҷавонон дар Муколама ширкат доштанд.
Гулчеҳра Холматова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар суханронии ифтитоҳии худ таъкид кард: «Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини он, ки ҳуқуқи инсон на танҳо дар қонун, балки дар амал ҳифз карда шавад, нақши калидӣ мебозад. Ин муколама ба мо имкон медиҳад, ки дар якҷоягӣ бо давлат роҳҳои ҳалли мушкилотро ҷустуҷӯ кунем, ки барои ҳар як шаҳрванд муфид бошад».
Дар поёни чорабинӣ иштирокчиён тавсияҳои наверо ба мувофиқа расониданд, ки ба ислоҳоти миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва адолат дар давраи солҳои 2025-2030 мусоидат мекунанд. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи қарорҳои рақамӣ дар идоракунӣ, ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ ва пешбурди равишҳои ҳассос ба гендерӣ дода шуд.
Лисетт Гаст, роҳбари барномаи Бунёди Ҳолланд «Perspectivity Challenge», дар суханронии худ қайд кард: «Вақте ки ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳам мепайванданд, онҳо на танҳо табодули афкор мекунанд, балки эътимод, муносибатҳо ва диди муштаракро ба вуҷуд меоранд. Маҳз дар ҳамин ҳамкорӣ нерӯи ҳақиқӣ ҷомеа аст.»
Ин Муколамаи дуюм як қадами муҳим дар роҳи таҳкими эътимод ва ҳамкории ошкорои давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буд. Натиҷаи ин нишаст дар таҳияи ислоҳоти миллӣ ба инобат гирифта мешавад ва ба бунёди як низоми одилона ва фарогиртари ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад ва «Пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мукаммал намудани ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазире, ки дар ҳабс қарор доранд», аз ҷониби Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад. Ҳамчунин бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Дафтари минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ сурат гирифт.







