Душанбе, 23–24 сентябри соли 2025 тренинг оид ба таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти комплаенс ва амнияти ташкилотӣ баргузор гардид. Барнома ба пешниҳоди дониш ва воситаҳои амалӣ барои идоракунии самараноки хатарҳои суистифода, коррупсия ва қонунигардонии маблағҳои ғайриқонунӣ равона шуда буд.
Дар доираи тренинги дурӯза иштирокчиён бо талаботи байналмилалӣ дар соҳаи комплаенс шинос шуданд, усулҳои идоракунии хатарҳоро омӯхтанд, таҳдидҳои марбут ба қаллобӣ, коррупсия ва маблағгузории терроризмро баррасӣ карданд. Барнома баҳсҳои гурӯҳӣ ва пленариро дар бар мегирифт, ки ба мушкилотҳои асосӣ барои ТҶ, стандартҳои ФАТФ ва таъсири онҳо ба фаъолияти ташкилотҳо дар Тоҷикистон бахшида шуда буданд.
Ба воситаҳои худтанзимкунӣ, намунаҳои “due diligence”-и донорҳои байналмилалӣ, инчунин имкониятҳои татбиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ барои баланд бардоштани устувории ташкилотҳои ғайридавлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
«Ин ташаббуси таҳкими иқтидор ба муҷаҳҳаз сохтани ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо дониш ва воситаҳои амалӣ равона шудааст, ки барои фаъолияти самаранок дар шароити муҳити қонунгузории рӯз ба рӯз мураккабтар — бахусус дар робита ба хатарҳои суистифода, маблағгузории терроризм, коррупсия ва қонунигардонии маблағҳо заруранд. Ин тренинг ба нодурустфаҳмии густурдаи талаботи байналмилалӣ дар соҳаи комплаенс миёни ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ посух медиҳад ва кӯшиш дорад амнияти ташкилотиро тақвият бахшад, мубодилаи таҷрибаҳои пешрафтаро ҳавасманд намояд ва аҳамияти ҳамкории самаранок ва муколамаро бо доираи васеи ҷонибҳои манфиатдор таъкид кунад» — зикр намуд коршиноси байналмилалӣ Диана Гапак-Хюз, аз фонди Голландии “Perspectivity Challenge”.
Дар чорабинӣ тақрибан 20 намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ иштирок намуданд. Тренингро коршиноси байналмилалӣ аз фонди Голландии “Perspectivity Challenge” баргузор намуд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳолландии “Perspectivity Challenge” дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳи низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, ташкил гардид.






