Душанбе, 27–30 октябр – дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тренингҳо барои судяҳо баргузор гардид, ки ба механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагони шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин масъалаҳои ҷуброни зарари моддӣ ва рӯёнидани зарари маънавӣ бахшида шуда буданд. Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми ислоҳӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Омӯзишро судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бобозода М.Д. ва Алиназарзода Ш. баргузор намуданд. Дар чор тренинги баргузоршуда тақрибан 120 нафар намояндагони низоми судӣ фаро гирифта шуданд.
Барномаи омӯзишӣ стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи манъи шиканҷаро, хусусиятҳои баррасии парвандаҳои судӣ марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин танзими ҳуқуқии ҷуброни зарар ба ҷабрдидагон дар бар мегирифт. Иштирокчиён воситаҳои амалӣ барои татбиқи меъёрҳо ва принсипҳои байналмилалӣ дар амалияи миллии судӣ ба даст оварданд.
«Баррасии парвандаҳое, ки ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона марбутанд, яке аз самтҳои мураккаби амалияи судӣ мебошад. Муҳим аст, ки судяҳо ба таври ягона чунин парвандаҳоро баҳо диҳанд ва стандартҳои байналмилалиро татбиқ намоянд. Чунин тренингҳо ба таҳкими мустақилияти судӣ ва ҳимояи ҳуқуқи ҷабрдидагон мусоидат мекунанд», — таъкид кард директори ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчехра Холматова.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо на танҳо ба баланд бардоштани салоҳияти касбии судяҳо, балки ба рушди муколама миёни низоми судӣ, ҷомеаи коршиносон ва ташкилотҳои ҳуқуқҳифзкунӣ мусоидат мекунад, ки замина барои пешбурди устувори стандартҳои ҳуқуқи инсон дар амалияи миллии судӣ фароҳам меорад. Дар натиҷаи тренингҳо иштирокчиён зарурати татбиқи донишҳои гирифташуда дар амалияи ҳамарӯзаи судӣ, аз ҷумла дар баррасии парвандаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи боздоштшудагон ва маҳкумшудагонро қайд карданд.










