Дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон кормандони ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» дар пахши мустақими радиои Asia+ иштирок намуданд

  • Асосӣ
  • Лоиха
  • Дар остонаи Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон кормандони ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» дар пахши мустақими радиои Asia+ иштирок намуданд

Дар ҷараёни барнома коршиносони ташкилот масъалаҳои калидии вобаста ба пешгирӣ ва муқовимат ба шиканҷаро баррасӣ карданд. Аз ҷумла, равиши миллӣ оид ба муайян намудани шиканҷа пешниҳод гардида, механизмҳои муроҷиат барои ҳимоя ва инчунин тартиби асосии гузаронидани ташхиси тиббӣ шарҳ дода шуданд.

Мутахассисон ба таври муфассал ба ҳуқуқҳои шахсони дар ҳолати осебпазир қарор дошта ва имкониятҳои мавҷудаи дастрас намудани кӯмак таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ҳамчунин, ба фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, аз ҷумла кори хати доғ, ки тавассути он шаҳрвандон метавонанд машварат гирифта, дар бораи қонуншиканиҳо хабар диҳанд, диққати махсус дода шуд.

ТҶ «Дунёи ҳуқуқ» идома медиҳад, ки ба пешбурди ҳуқуқи инсон ва таҳкими амалияҳое, ки ба пешгирии шиканҷа ва таъмини механизмҳои дастрас барои ҳимояи ҳамаи шаҳрвандон равона шудаанд, мусоидат намояд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми ислоҳӣ», бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Leave A Reply