Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» барои адвокатҳо дастури «Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф»-ро таҳия намуд.
Ин дастур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳия гардидааст.
Ҳуҷҷат ба баланд бардоштани салоҳияти касбии адвокатҳо равона шуда, баррасии механизмҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи қурбониён, шарҳи масъалаҳои таснифи чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, тавсияҳои амалӣ оид ба иштироки адвокатҳо дар амалҳои тафтишотӣ, инчунин таҳлили иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои мурофиавиро барои истифодаи амалӣ дар бар мегирад.
