Душанбе, 20-25 июли соли 2026 – Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду тренинги омӯзишӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва гирифтани ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдории шахсони таҳти ҳабс, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологӣ баргузор гардид. Чорабиниҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои зерин ташкил карда шуданд:
«Баланд бардоштани иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ дар самти таҳким бахшидани ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо;
«Мусоидат ба риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такмили расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии дар ҳабс қарордошта», бо дастгирии Барномаи CFLI.
Тренингҳо дар асоси Дастур оид ба мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва гирифтани ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдории шахсони таҳти ҳабс, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳуҷҷати мазкур ва барномаи омӯзишӣ аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ таҳия ва пешниҳод карда шудаанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ директори Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Холматова иброз намуд:
«Гурӯҳи мониторингии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам тавассути омӯзишҳо иқтидори худро тақвият медиҳад. Бо вуҷуди ин, таҳлили амалияи мавҷуда зарурати таҳияи абзорҳои махсусгардонидашударо барои мониторинги риояи ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои равонпизишкӣ ва психоневрологӣ нишон дод. Абзорҳои нави мониторинг ва омӯзиш оид ба истифодаи онҳо имкон медиҳанд, ки сифати мониторинг беҳтар гардида, баҳодиҳии ҳамаҷонибаи риояи ҳуқуқи инсон таъмин ва ҳифзи гурӯҳҳои аз ҳама осебпазири аҳолӣ тақвият дода шавад.»
Дар ҷараёни омӯзиш иштирокчиён бо стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар соҳаи ҳуқуқ ба саломатӣ ва пешгирии муносибати бераҳмона, инчунин бо усулҳои амалии гузаронидани мониторинг, ҳуҷҷатгузории мушкилоти ошкоршуда ва таҳияи тавсияҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароити нигоҳдорӣ ва дастрасӣ ба ёрии тиббӣ шинос гардиданд.
Мавзӯъҳои асосии тренингҳо:
- стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ;
- методологияи мониторинги шароити нигоҳдорӣ ва таъмини хизматрасонии тиббӣ;
- муайян намудани омилҳои хавфи муносибати бераҳмона ва муносибати номуносиб;
- таҳияи тавсияҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ.
Дар чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Гурӯҳи мониторингӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо ба таҳкими механизмҳои миллии мониторинги ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ мусоидат намуда, ба таъмини самараноктари ҳуқуқҳои шахсони дар муассисаҳои пӯшида қарордошта мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон саҳм мегузорад.









