Рӯзи 24 январ дар Душанбе мизи мудаввар бахшида ба натиҷаҳои тадқиқот ва таҳлили қонунгузорӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва зӯроварии гендерӣ баргузор гардид. Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, шиканҷа ҳамчунон як мушкили густурда боқӣ мемонад, ки ниҳодҳои интизомӣ барои истифодаи маҷбуркунӣ ҳангоми бозпурсӣ аксаран интиқод мешаванд. Ҳисоботҳои ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқӣ инсон ва ниҳодҳои […]
Рӯзҳои 20-23 январ барои адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ду тренинги дурӯза оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Дар ин тренингҳо 50 нафар аз шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ширкат варзиданд. Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат» Дастур барои адвокатҳо оид ба механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона омода карда […]
Дастур барои адвокатҳо: механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳкиркунандаи шаъну шараф Дастури мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, таҳия шудааст. Муаллифон: – Марат Чекишевич […]
Душанбе, 18 октябр – дар пойтахти Тоҷикистон як чорабинии муҳиме баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Муколамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳкими ҳамкориҳо ва таҳияи қарорҳои муштарак ҷиҳати пешбурди ҳуқуқи инсон дар кишвар нигаронида шудааст. Ин чорабинӣ намояндагони мақомотҳои калидии давлатӣ, созмонҳои шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон, […]
Рӯзҳои 15-16 октябр дар шаҳри Душанбе тренинги дурӯза барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, бахусус Қоидаҳои ҳадди ақали стандартӣ оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела), Қоидаҳои СММ оид ба муносибат бо занони маҳбус ва чораҳои ҷазоҳои ғайриҳабсӣ барои занони ҳуқуқвайронкунанда (Қоидаҳои […]
Душанбе Рӯзҳои 14-15 октябр ду тренинги якрӯза барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба таҳкими муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таҳияи системаи ҷамъоварии маълумот баргузор гардид. Дар онҳо қариб 40 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Соли 2024 дар Тоҷикистон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст, ин тренингҳо дар баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи […]
Оиди огози лоихаи нав ба Шумо маьлумот мерасонем “Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон бо назардошти ҷанбаҳои ҳассосияти гендерӣ: тадқиқот, муколама ва тарғибот” Маблағгузорӣ аз ҷониби: Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) Амали мекунад: Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Мақсади лоиҳа: пешгирии зӯроварии гендерӣ ва шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон Чорабиниҳои лоиҳа: гузаронидани тадқиқот оид […]
Ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” ва бунёди Ҳолландии “Perspectivity Challenge” аз оғози чорабиниҳои иттилоотӣ бахшида ба 26 июн – Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа хабар медиҳанд. Чорабиниҳои мазкур дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, гузаронида мешавад. Соли 1997 […]
Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» аз 1 сентябри соли 2022 ба татбиқи фаъолияти лоиҳавии «Пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии қишрҳои осебпазири аҳолӣ» оғоз намуд. Ин фаъолият бо кумаки молии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад. Ҳадафи лоиҳа аз дастгирии ҳуқуқӣ, татбиқ ва таҳияи механизми ҳифзи ҳуқуқҳои коргарон, дар бахшҳои шуғли расмӣ ва […]