Author: admin

Ҳуқуқшиносони Тоҷикистон усулҳои нави ҳимояи ҳуқуқи маҳбусонро меомӯзанд

Душанбе, 27–29 октябри соли 2025 – Тренинги ихтисоноки серӯза барои 30 нафар ҳуқуқшинос баргузор гардид, ки ба омӯзиш ва истифодаи «Маҷмӯаи дастурҳо барои ҳуқуқшиносон» равона шудааст. Ин маҷмӯа бо мақсади сабти пайдарҳам ва ҳисоботдиҳӣ оид ба вайронкуниҳои ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои ислоҳӣ таҳия шудааст. Дар раванди омӯзиш иштирокчиён бо усулҳои гузаронидани машварат бо маҳбусон, стандартҳои […]
Read more

Риояи қоидаҳои амниятӣ: ТҒД-и Тоҷикистон барои фаъолият дар шароити мушкилот дастурҳои нав гирифтанд

Душанбе, 23–24 сентябри соли 2025 тренинг оид ба таҳкими иқтидори ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти комплаенс ва амнияти ташкилотӣ баргузор гардид. Барнома ба пешниҳоди дониш ва воситаҳои амалӣ барои идоракунии самараноки хатарҳои суистифода, коррупсия ва қонунигардонии маблағҳои ғайриқонунӣ равона шуда буд. Дар доираи тренинги дурӯза иштирокчиён бо талаботи байналмилалӣ дар соҳаи комплаенс шинос шуданд, […]
Read more

Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқи инсон: навовариҳо ва ислоҳоти рақамӣ 2025-2030

Душанбе, 26 сентябри соли 2025 – Дар пойтахти Тоҷикистон Муколамаи дуюми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Ин дуввумин чунин чорабинӣ аст, ки дар он намояндагони ниҳодҳои калидии давлатӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони байналмилалӣ ва шарикон барои баррасии натиҷаҳои тавсияҳои дар ҷараёни Муколамаи аввали соли 2024 таҳияшуда […]
Read more

ТРЕНИНГ БАРОИ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ОИД БА АМНИЯТИ РАВОНӢ

Душанбе, 16-18 сентябри соли 2025 – Дар пойтахт тренинги серӯза барои ҳомиёни ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои амнияти равонӣ баргузор гардид. Дар он ҳудуди 25 нафар ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. Мақсади асосии тренинг рушди малакаҳои устувории равонӣ, пешгирии хастагии касбӣ ва беҳтар намудани амнияти шахсии ҳомиёни ҳуқуқ, ки дар шароити стресс […]
Read more

ҲИФЗИ ҚУРБОНИЁНИ ШИКАНҶА: ТРЕНИНГ БАРОИ АДВОКАТҲО

Рӯзҳои 12-13 август дар шаҳри Душанбе ду тренинги якрӯза барои 50 адвокатҳо оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» дар якҷоягӣ бо Иттифоқи адвокатҳо дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ […]
Read more

МАКТАБИ ТОБИСТОНА БАРОИ ҲУҚУҚШИНОСОНИ ҶАВОН ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

7-11 июл ш.Душанбе, 21-25 июл ш. Хуҷанд – Дар Душанбе ва Хуҷанд ду мактаби тобистона барои ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар он зиёда аз 50 нафар ҳуқуқшиносон ва мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиноси донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд. Албатта, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ташвиқу ҳимояи ҳуқуқи инсон дар бунёди ҷомеаи одилона ва […]
Read more

Сафари омӯзишӣ дар Испания

Дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: Таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад, Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» ба Испания сафари омӯзишӣ ташкил намуд. Дар сафар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, […]
Read more

Чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 10 апрели соли 2025 мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бо адвокатҳо, ҳуқуқшиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ гузаронида оид ба фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории […]
Read more

Оғози лоиҳаи нав

Аз 1-уми майи соли 2025 дар Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи дусолаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар соҳаи тобеият ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»-ро, бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо оғоз ёфт. Ҳадафи ташаббус ин саҳмгузорӣ дар пешбурди тобеият, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва пешгирӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон аст. Бо ин […]
Read more

ШИКАНҶА ВА ЗӮРОВАРИИ ГЕНДЕРӢ: НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚҲО ВА ТАҲЛИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Рӯзи 24 январ дар Душанбе мизи мудаввар бахшида ба натиҷаҳои тадқиқот ва таҳлили қонунгузорӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва зӯроварии гендерӣ баргузор гардид. Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, шиканҷа ҳамчунон як мушкили густурда боқӣ мемонад, ки ниҳодҳои интизомӣ барои истифодаи маҷбуркунӣ ҳангоми бозпурсӣ аксаран интиқод мешаванд. Ҳисоботҳои ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқӣ инсон ва ниҳодҳои […]
Read more